Боздошти рэпсарои тоҷик “Ралик”
Репсарои тоҷик Рамазон Муродов, маъруф бо тахаллуси “Ралик” аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ боздошт гардид.
Тибқи иттилои мақомоти милитсия, ӯ қаблан барои идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷарима шуда ва ба муҳлати панҷ сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гардида буд. Бо вуҷуди ин, Муродов боз ҳам қонунро вайрон намуда, дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли маводи нашъадор ба идора кардани мошин машғул шудааст.
Дар асоси моддаи 337 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба вай протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, парванда ба суд ирсол гардидааст. Мувофиқи талаботи қонун, ҷазои пешбинишуда ҷарима ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 10 сол мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ