Боздошти ронандае, ки мошинро ҷониби корманди милиса рондааст
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандае хабар дод, ки мошинро ба тарафи кормандони милиса ронда, “аз зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият истифода бурдааст”.
Гуфта мешавад, ки Аҳлиддин Одинаев дар бозори “Корвон” мунтазам қоидаҳои ҳаракатро вайрон карда, дастури кормандони ҳифзи ҳуқуқро нодида мегирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ пас аз тафтиш ӯро боздошт карданд. Ҳоло номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ