Боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ бо гумони қаллобӣ

Мақомоти милитсияи пойтахт аз боздошти Содиқ Одинаев, 32-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар дод. Ӯ қаблан роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ «Ҷамол-Басир» будааст.

Ба иттилои мақомоти милитсия, Одинаев ҳангоми фаъолият ба сифати роҳбар зиёда аз 160 нафарро фиреб дода, бо ваъдаи додани манзили истиқоматӣ маблағҳои калонро аз худ кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ як хонаро то ба 7 нафар ба фурӯш гузошта, ба шаҳрвандон зиёда аз 50 миллион сомонӣ зарар расондааст.

Алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаст. Дар сурати исботи гуноҳ, ба вай ҷарима ё то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *