Аз 1 сентябр нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе зиёд мешавад
Дар Душанбе аз 1-уми сентябр шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ – автобус, троллейбус ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) 20% зиёд карда мешавад. Дар ин бора аз корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар доданд.
Ин тасмим ҳамасола дар арафаи соли нави таҳсил гирифта мешавад, зеро бо оғози дарсҳо теъдоди мусофирон меафзояд.

Аз 1 сентябр нақлиёт чунин зиёд мешавад:
🚍 Автобусҳо: 380 адад (ба ҷои 308)
🚎 Троллейбусҳо: 65 адад (ба ҷои 41)
🚐 Маршруткаҳо: 1100 адад (ба ҷои 950)
Микроавтобусҳои нав бештар ба хатсайрҳои сермусофир равона карда мешаванд. Айни ҳол бинобар таъмири роҳҳои марказӣ ҳаракати троллейбуси хатсайри рақами 1 боз дошта шудааст.
Таксиҳо
Айни замон 10 ҳазору 500 адад фаъолият доранд. Дар моҳи сентябр то 500 адади дигар зиёд карда мешаванд. Квотаи умумӣ – 12 ҳазор.
Нақлиёти барқӣ
Ҳоло 30 автобус ва 8 маршруткаи барқӣ фаъолият мекунанд. Дар нақша аст, ки то охири сол шумора ба 150 адад расонда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ