26 кӯдаки ятиму бепарастор дар Ҷаббор Расулов бо либосҳои мактабӣ таъмин шуданд
Дар арафаи оғози соли нави таҳсил 26 нафар кӯдакони ятиму бепарастор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш таъмин гардиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия аз аҳволи кӯдакони ятиму бепарастор бохабар шуда, ба онҳо кӯмакҳои зарурӣ расонд. Ба гуфтаи масъулон, чунин иқдомҳо бо мақсади дастгирӣ ва рӯҳбаландии наврасон дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят амалӣ мегарданд.
Аз шумораи умумӣ 11 нафар ятими кул ва 15 нафар кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат соҳиби либоси ягонаи мактабӣ шуданд.
Кӯдакон иброз доштанд, ки бо азхуд кардани илмҳои муосир дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида ба халқу Ватан хизмат хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ