10 кишваре, ки Тоҷикистон маҳсулот содир кардааст (инфографика)
Тоҷикистон ҳаҷми содироти маҳсулоташро ба хориҷ афзоиш додааст. Тибқи омори расӣ, дар нимсолаи аввали соли 2025 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 4,7 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 316,8 миллион доллар ё 7,2% бештар аст.
Ҳамин тариқ, содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба истиснои металлу сангҳои қиматбаҳо 953,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 255,1 миллион доллар ё 36,6 фоиз зиёд аст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба 50 кишвари хориҷи дуру наздик маҳсулот содир кардааст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар шаш моҳ ба хориҷи кишвар беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард, ки зардолуи хушк ва меваи хушки омехта дар феҳрист дар ҷойи аввал қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ