Боздошти Самандари говдузд дар ноҳияи Рӯдакӣ
Хадамоти матбуоти ВКД хабар дод, ки се ҷинояткори гумонбар ба дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Турсунзодаву Истаравшан дастгир гардидаанд.
Бино ба иттилоъ, шоми 1-уми июн дар ноҳияи Рӯдакӣ шахсони номаълум пинҳонӣ аз лаби дарёи Кофарниҳон як сар говро, ки 5 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Кормандони милитсия муайян кардаанд, ки ҷинояти мазкурро марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ҳамроҳи рафиқаш “Самандар” ном шахс содир намудаанд.
Инчунин, дар шаҳри Турсунзода низ бегоҳии 13-уми июн дучархаи марди 39-соларо писарбачаи ноболиғи 14-солае медуздад.
Ба ҳамин монанд, зуҳри 24-уми май дар шаҳри Истаравшан писарбачаи ноболиғи 16-солае аз хонаи марди 33-солае 12 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
ВКД мегӯяд, ки ҳамаи ин ҷинояткорон дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ