Боздошти сокини Душанбе барои напардохтани роҳкирои таксӣ
Як марди 36-сола аз шаҳри Душанбе барои напардохтани маблағи роҳкирои таксӣ ва муносибати дағалона нисбат ба ронанда боздошт шуд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур дар наворе сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.
“Ғоибов Муҳаммад, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе аз хизматрасонии таксӣ истифода намуда, дар баробари пардохт накардани маблағи роҳкиро ҳамзамон нисбати ронанда дағалона рафтор намудааст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Нисбати боздоштшуда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҳолат таҳти санҷиш қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ