Боздошти зану шавҳар барои ташкили фоҳишахона
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти як оила хабар дод, ки манзили зистро ба фоҳишахона табдил додаанд.
«Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон барои ба даст овардани манфиати пулӣ ба амалҳои ғайриахлоқиву зиддиҳуқуқӣ даст зада, насли ҷавони ҷомеаро пойбанди амалҳои зишт мегардонанд», таъкид мекунад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Дар натиҷаи амалиётҳои махсус маълум гардидааст, ки шаҳрвандон Қараев Ибодулло ва Сумани Ғайратшо чор манзили истиқоматиро дар шаҳри Душанбе ба фоҳишахона табдил додаанд.
Манзилҳо барои қонеъ кардани нафси шаҳвонӣ ба мардону занони бегона ба иҷора дода мешудаанд.
Маблағи иҷораи шабонарӯзӣ 500 сомониро ташкил дода, тавассути ҳамёни электронӣ пардохт мешудааст.
Айни замон тафтиши ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ