Боздошти ҷавоне дар Душанбе бо итиҳоми таҷовуз
Як ҷавонро дар Душанбе бо гумони дастдарози ба духтари 13- сола боздошт кардаанд.
Ба иттилои пулиси Душанбе гумонбар Саймуддин Нозирови 21- солаи сокини пойтахт бо як духтари 13-сола “муносибати маҳрамона барқарор карда, нисбати ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст”.
Назари боздоштшуда дар робита ба ин қазия маълум нест.
Мақомот имрӯз, 23-юми декабр, эълон карданд, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “ҳаракати бадахлоқона” (моддаи 142 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ