Бозии дўстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рўзи 17-уми ноябр дар Душанбе бо дастаи мунтахаби футболи Русия бозии дўстона анҷом медиҳад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия барои баргузории бозии дўстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Вохўрии дастаҳои Тоҷикистону Русия рўзи 17-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки он метавонад 20 ҳазор тамошобинро ҷамъ оварад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад. Қаблан Тоҷикистону Русия дар сатҳи тимҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ вонахўрда буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии ФИФА мунтахаби Русия дар зинаи 33-юм ва тими миллии Тоҷикистон бошад, дар мавқеи 108-ум ҷой гирифтаанд.

Бозиро ҳайати доварон аз Ўзбекистон ҳакамӣ мекунад. Довари асосии вохўрӣ рефери FIFA Илгиз Танташеви 38-сола аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.