Бозор Собирро ҳафтаи равон ба Душанбе меоранд

Таҳияи ҳуҷҷатҳо барои интиқоли ҷанозаи шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир аз Амрико ба Тоҷикистон тақрибан анҷом ёфтааст ва қарор аст, ҷанозаро давоми ҳафтаи равон  барои гӯручӯб ба Душанбе биёранд. Хонаводаи шоир таърихи дақиқи интиқоли ҷанозаи Бозор Собирро рӯзи 7 ё 8 май расман эълон хоҳад кард.

Ҳуҷҷатгузорӣ барои интиқоли ҷасад тақрибан поён ёфтааст, вале рӯзи дақиқи интиқоли ҷаноза ҳанӯз дақиқ нашудааст.Наздикони шоир гуфтаанд, ки таърихи дақиқи интиқоли ҷанозаи Бозор Собир рӯзи 7 ё 8 май тавассути саҳифаи расмии ӯ дар шабакаи Фейсбук — Bozor Sobir – ва саҳифаи духтараш Шогуна Собир — Shoguna Sobir – расман эълон хоҳад шуд.Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таслият ба наздикони шоир, ба вазири хориҷа ва сафирони Тоҷикистон дар Амрико ва Созмони Милал супориш дод, ки ҷанозаи Бозор Собирро ба Ватан оварда, дар Душанбе ба хок супоранд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 3 май қарореро имзо кард, ки бар асоси он, ҷанозаи Бозор Собир бояд дар оромгоҳи мемориалии Лучоб ба хок супурда шавад. Сафирони Тоҷикистон дар Амрико ва Созмони Милал Фарҳод Салим ва Маҳмадамин Маҳмадамин як моҳ боз дар шаҳри Сиэттл қарор дошта, ҳоло машғули таҳияи санадҳои лозим барои интиқоли ҷанозаи Бозор Собир ба Душанбе мебошанд. Гулчеҳра Собир, ҳамсари шоир ахиран гуфт, ки аҳли хонавода ба гӯронидани ӯ дар Тоҷикистон ризоият додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *