Бозори “Деҳқон” обод мешавад

Бо иваз шудани раиси бозори “Деҳқон” вазъи он рӯз то рӯз беҳтар мешавад. Раиси нав С. Файзализода корро аз ободбкорӣ оғоз намудааст.

Оид ба мушкилоти бозори мазкур, беназоратӣ ва саҳлангории маъмурияти пешнина чанд мақолаи танқидӣ ба нашр расида буд. Аз ҷумла дар бозор тобистон чангу хок то осмон мебаромаду зимистон лою гил то зону мечаспид. Ҳоло саҳни марказии бозор сафолакпӯш шуда, қатори фурӯшандаҳо, ки пештар рӯйи замин молҳояшонро гузошта, савдо мекарданд, раддабандӣ шудаву ба тартиб даромадааст.

Дар бозори “Деҳқон” 22 нуқтаи гӯштфурӯшӣ мавҷуд буда, нархи гӯшт 70-75 сомонӣ аст. Яъне назар ба дигар бозорҳо арзон мебошад.

Масоҳати бозор чандон калон набошад ҳам, 85 намуди маҳсулот фурӯхта мешавад. Барои назорат кардани нарху наво дар бозор рӯйхати навбатдорӣ ҳаст. Инчунин дар бозор либоси ягонаи фурӯшандаҳо ба назар мерасад ва барои нигоҳ доштани ҳолати беҳдоштӣ рӯзҳои муайян ҷудо шудааст. Дар бозор ҷойи яклухтфурӯшӣ ҳаст, ки маҳсулоташ нисбатан арзон мебошад.

Э. КАМОЛЗОДА,

сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *