Буҷети Тоҷикистон барои соли 2025 муайян шуд

Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ тарҳи Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2025”-ро тасвиб кард.

 Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода буҷаро муаррифӣ кард, ки бо дарназардошти пешбинии ММД 166,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Даромади бючети давлатӣ аз хамаи манбаъхои воридот 49,6 миллиард сомониро ташкил медихад, ки ин назар ба соли гузашта 15,4 фоиз зиёд аст. Аз ин ҳисоб 22,7 миллиард сомонӣ воридот ба нақша гирифта шудааст, ки ин ҳам 20,4 фоиз зиёд аст.

Барои маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ 23,9 миллиард сомонӣ ва барои рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт 15,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин тадбирхо бояд ба мустаҳкам шудани иқтидори истеҳсолӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии мамлакат кӯмак расонанд.

Бахши хароҷоти буҷет 51,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин назар ба соли гузашта 7,5 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *