Бунёди беш аз 390 иншоот дар Кӯшониён
Дар ноҳияи Кӯшониён ба хотири истиқболи шоиста аз 35 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди 392 иншооти таъиноти гуногун дар нақша аст.
Хуршеди Ҳайдар, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар маъмӯъ 185 бино сохта шудааст. Ӯ мегӯяд, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот мувофиқи нақша идома доранд.
“Дар доираи панҷсолаи рушди саноат бошад, сохтмони 15 корхонаи гуногуни саноатӣ дар назар аст, -афзуд вай.

“Аз иншооти дар нақшабуда, бунёди 38 муассисаи тандурустӣ ва 95 иншоот дар соҳаи маориф дар назар аст. Дар се моҳи соли равон, 26 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст. Баъди ифтитоҳи иншооти мавриди назар, беш аз 500 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ