Бунёди се муассисаи таълимӣ дар Бохтар
Ба хотири беҳтар кардани шароити таълим дар шаҳри Бохтар сохтмони ду муассисаи таълимӣ дар назар аст. Ҳамчунин, барои фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бунёди 9 кӯдакистон дар нақша аст.
Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар имрӯз, 31 июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон, бо ҳиссаи буҷети маҳаллӣ як муассисаи таълимӣ сохтаем ва моҳи сентябр ифтитоҳ мешавад.
Ӯ мегӯяд, ҳоло дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо корҳои сохтмонии як муассисаи таълимии дигар шуруъ шудааст. Ба таъкиди вай рӯзҳои наздик дар маҳаллаи Шоҷӣ Шариф ҳам корҳои сохтмонии як муассисаи таълимии дигар оғоз карда хоҳад шуд.
“Муассисаи таълимии рақами 17 бо харҷи 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохта шуд. Ин муассиса барои 1 ҳазору 240 хонанда дар ду баст сохта шуд ва соли хониши нав ифтитоҳ мешавад”-гуфт номбурда.
Абдулмаҷид Муминзод афзуд, ки ду муассисаи таълимӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта хоҳад шуд. Ба таъкиди вай дар шаҳри Бохтар сохтмони 9 муассисаи томактабӣ ҳам дар нақша аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ