Чӣ тавр 20 сомонӣ бо 63 ҳазор рубл фурӯхта шуд?
Дар яке аз масҷидҳои шаҳри Москва 20 сомонии тоҷикӣ бо 63 ҳазор рубли русӣ, ки муодили 752 доллари амрикоӣ аст, фурӯхта шуд ва онро як ҷавони тоҷик харидорӣ кард…
Русия. Шаҳри Маскав. Яке аз масҷидҳои навбунёд. Пас аз 8 ракаад намози таровеҳ ёрдамчии муллоэмоми масҷид, ки аз ҳарфзаниаш маълум мешавад, ки аз миллати тотор аст, дар даст баландгӯяк як-як бо забони русӣ ҳисобот медиҳад:
“Мо изҳори миннатдорӣ баён менамоем аз он бародароне, ки дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон барои пардохти қарзи масҷид маблағҳои худро дареғ надошта, хайр мекунанд. Ёдовар мешавам, ки маблағи ҷамъоваришуда барои пардохти қарзи бинои масҷид равона мешавад. Барои онҳое, ки хабар надоранд, қайд менамоям, ки ин бино бо маблағи 96 миллион рубл харидорӣ шуда, баҳри ибодати мусулмонони гирду атрофи ин гӯшаи пойтахтамон – шаҳри Маскав равона шудааст. Ин 96 миллион рублро мо яке якбора намедиҳему қисм-қисм аз ҳисоби шумо намозгузорони хайрот мекарда ва аз ҳисоби он соҳибкорони хайрхоҳе, ки барои масҷид хайр мекунанд, медиҳем. Бигузор якчанд сол давом кунад, вале мо онро пардохт хоҳем кард.
Дирӯз, вақте ки мо пулҳои хайрнамудаи шуморо мешумурдем, нохост аз байни онҳо як пули бегонаеро дарёфт намудем. Ин пул 20-сомона буда, аз навиштаи он бармеояд, ки он пули кишвари ба мо дӯст Тоҷикистон мебошад. Мо фаҳмидем, ки кадом бародари тоҷик дар ин ҷо хайр намудааст ва нохост дар байни рублҳояш ин бистсомонаро низ ба сандуқ партофтааст. Ҳеҷ гап не, Аллоҳ хайри ӯро қабул гардонад. Дар рӯи ин бистсомона акси Абӯалӣ ибни Сино аст. Оё касе аз бародарони тоҷик ин ҷо ҳаст, ки бигӯяд Сино кист?”.
Аз байни издиҳом чандин нафар паст ё баланд гуфтанд:
– Авиценна.
Ровӣ гуфт:
– Бисёр хуб. Пул низ хеле зебост. Ин бистсомонӣ чӣ қимате дошта бошад?
Касе гуфт:
– Дусад рубл.
Дигарӣ гуфт:
– Дусаду панҷоҳ рубл.
Аммо ровӣ гуфт:
– Биёед қимати ин пулро ҳамин ҷо якҷоя мефаҳмем. Шумо розиед ба ин?
Бисёриҳо бо калла ҷунбондан тасдиқ карданд.
Ровӣ гуфт:
– Канӣ кӣ ин маблағро аз мо бо чӣ қимате мехарад? Пули аз фурӯши он бадастомада ба фонди хайроти масҷид хоҳад рафт.
Яке гуфт, ман дусад рубл мехарам онро. Дигаре гуфт, панҷсад рубл медиҳад. Савумӣ яку якбора ду ҳазор гуфт. Ровӣ чун ауксион “ду ҳазор як, ду…” гуфта, се нагуфта буд, ки яке гуфт, ки ӯ бо панҷ ҳазор рубл мехарад онро. Нафари дигаре даҳ ҳазор рубл гуфт. Хуллас, ин ауксион боло рафтан гирифт ва он бист сомонӣ бо қимати 63 ҳазор рубл (баробар ба 752$) харидорӣ карда шуд. Ҷавони тоҷике 63 ҳазор рубл дода, он бистсомонаро аз дасти ровӣ гирифт, ба ҷайб зад ва ба ҷои худ баргашт. Ровӣ ба ӯ аҳсану офарин гуфту дуои хайр кард ва муллоэмом аз ҷой хеста, гузоридани давоми намози таровеҳро даъват намуд…
Олим САФОЛОВ,
журналист, шаҳри Москва
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ