Иқтисоди воқеии Тоҷикистон дар рақамҳо

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода мегӯяд, ки дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7% (8,5% бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи коронавирус)-ро ташкил дод. Ба гуфтаи вай, ин нишондиҳанда нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.

Вазир маълумотро дар ҷаласаи ахири вазорат, ки ба рӯзи иқтисодчиён бахшида шуда буд, баён намуд. Ҳамчунин, ӯ дар ин ҷаласа гуфт, ки дар соли 2024 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4% расонида шудааст. Ин асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20/%, кишоварзӣ 10,6 фоиз, гардиши савдо 13,6%, мусофиркашонӣ 13,4%, хизматрасонии пулакӣ 13%, боркашонӣ 11,5%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ таъмин гардид.

Завқизода қайд кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар 5 соли охир 74,3 млрд сомонӣ ё 2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфт.

Сатҳи таваррум дар соли 2024-ум 3,6%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023-юм (3,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ кам аст.

“Таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3%, молҳои ғайриозуқа 4% ва хизматрасонӣ 4,8% ташаккул ёфтааст”,- қайд кард Завқизода.

Вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид кард, ки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намудаанд.

Ӯ илова кард, ки ҳадафи олии давлат ва ҳукумат таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *