Champions Night дар Душанбе бо ҳузури президенти IBA

27-уми октябр дар шаҳри Душанбе «IBA Champions Night» баргузор мешавад, ки дар он муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов барои камарбанди WBO Oriental набард хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки Шавкат Раҳимов ва Умар Кремлёв меҳмони фахрии «Шоми бокс» дар Душанбе хоҳанд буд. Собиқ қаҳрамони ҷаҳонии IBF, тоҷкистони Шавкат Раҳимов ва президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв меҳмонони фахрии мусобиқаи «IBA Champions Night» хоҳанд шуд.

Шоми бокс бо дастгирии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа муштзанҳои мо ва инчунин муштзанҳои дигар кишварҳо ширкат мекунанд.

Дар қувваозмоии асосии шом муштзани Тоҷикистон, чемпиони Осиё дар соли 2019 ва барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2023 Баҳодур Усмонов (6-0) бо муштзани тайланди Манат Сопатип (10-1) барои камарбанди WBO Oriental дар вазни сабук рақобат мекунанд. Ин набарди асосии ин шом буда, 10 раунд идома хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *