Чанд монеаи рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Манзури мо аз нигоштани ин чанд сатр интиқод ё камбудӣ гирифтан аз ҳеч касе нест, балки кӯшише барои бедор кардани касонест. Мо дар таҷрибаи зиндагии худ саъй кардем фақат бо ҳарф задан маҳдуд набошем, балки амал ҳам кунем. Ба ин хотир, дар канори омӯзишу мутолиаи рӯзмарра, даст ба белу каланд будан ва бо замин сарукор доштанро бар худ воҷиб медонем.

Дар ин росто ба ошноӣ бо таҷрибаҳои пешрафта ва истифода аз фанноварӣ ё технологияҳои навин дар риштаҳои гуногун, бахусус кишоварзиву чорводорӣ, таваҷҷуҳи зиёде дорем ва дар ҳадди тавони худ мекӯшем, то мардумро барои истифода аз онҳо ташвиқ кунем. Зеро деҳқон, ки зотан ва табиатан “шаккок” аст, то ба чашми сар набинаду бо дастонаш ламс нанамояд, ба ҳеҷ ваҷҳ бовар намекунад. Аз ин рӯ, ҳар кори амаливу назарие, ки кардем, аз тариқи расонаҳо ва бахусус фазои маҷозӣ ба намоиш гузоштем. Илова бар он, чандин нишасту суҳбатҳои марбут ба кишоварзиро дар хонаву хоҷагии деҳқонии худ баргузор кардем, ки бар суди кор буд.

Ҳамон гуна, ки ишора шуд, мақсуди мо аз ин навишта ҷалби таваҷҷуҳи ташаббускорон, аз мансабдорон то мардуми оддӣ ва аз кишоварз то ғайри кишоварз аст, то дар ин риштаи дорои аҳамияти ҳаётӣ бо мо ҳамкорӣ ва кумак кунанд. Мо фақат бо даст ба дасти ҳам додану ҳамкорӣ кардан метавонем сарзамини борифоҳ ва озода бунёд кунем, зеро кишоварзӣ аввалин таҳкурсии тамаддунии мост. Имрӯз шоҳиди онем, ки чигуна дар як лаҳза иттифоқоти аҷибу ғариб ва берун аз интизор сарнавишти як қавм ва буду набуди онро мавриди суол қарор медиҳад. Бинобар ин, ҳоло дигар ҷои диранг нест ва бояд амал кард. Ба қавле, “Эй зӣ фурсат бехабар дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош”. Худкифо будан ва худкифо шудан дар ҳама заминаҳо ва даст пеши дигарон дароз накардан — ин аст кори ҳар халқи вораста.

Бубинед, бо ба миён овардани бемории “Ковид”-и сиёсии машкуки омехта бо тарсу ваҳм чигуна ҳама кишварҳои дунёро ба он во доштанд, то дар як лаҳза дарҳои худро ба рӯи якдигар бубанданд ва пайвандҳои таъомулу муровидатро, ки тайи даҳсолаҳо эҷод карда буданд, қатъ кунанд. Ҳазорон мушкил халқ намуданд ва садҳо ҳазор одамро “дилкаф” карданд ва бар дӯши садҳо миллиони дигар хисороти модиву молӣ ва руҳиву равонӣ гузоштанд. Ҳаргиз замонате вуҷуд надорад, ки пас аз ин боз ҳам мардуми дунёро гирифтори “вабо”-и дигаре накунанд.

Нуктаи дигаре, ки нигарониҳоро беш аз пеш меафзояд, гирифтории мардум ба бемории такаббуру худхоҳист, ки бузургтарин зарба ба ахлоқи миллии мост. Такаббуру худхоҳӣ — яъне ҳақиру нотавон шумурдани дигарон. Бадтар аз ҳама он аст, ки ин беморӣ боиси заиф шудани мароми иҷтимоии мардум гардида, онҳоро аз ҷамъгароӣ ба фардгароӣ ҳидоят мекунад, ки арзишҳои фарҳангӣ ва эътиқодиашонро дар маърази хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.

Боре дар ҷамъомаде бо яке аз дӯстони соҳибдил суҳбате доштем. Ӯ бо садои ором мехост мавзӯи коста шудани ахлоқ дар ҷомеаро таъриф кунад. Аз ҷумла, далели камранг шудани ҳурмату эҳтироми бузургу хурдро. Нафаре, ки паҳлуям нишаста буд, сабаби пеш омадани чунин вазъро суол кард ва мунтазири посух нашуда, худ ҷавоб дод: “Такаббур, ғурури беҷо, худбиинии мардум сабаби ин гуна ахлоқ шудааст…”. Ин пурсишу посух ба қалбам фишор овард. Ба ёдам омад, ки ҳанӯз дар миёнаи даҳаи 1990 нависанда ва мутафаккир Чингиз Айтматов дар китоби худ “Тавро Кассандра” ҷаҳониёнро аз пайдоиши ин гуна ахлоқу бемории равонии хатарнок ҳушдор дода буд. Лозим медонам аз ин китоб чанд ҷумлаеро бидуни тарҷума биёварам: “Эгоизм насквозь пронизавший нашу цивилизацию, стремление жить только для себя, ради удовлетворения своих удовольствий. Род людской вновь оказался лицом к лицу со смертоносной извращённой отравленной им самим природой. Не только внешней (экологический дисбаланс), но и внутренний (генетический срыв, вырождение бестиализации (феъли ҳайвонӣ), сатанизация человеческого свойства). Инстинкт агрессии и саморазрушения бушует в подсознании, вырывается наружу, грозит изнутри уничтожить человеческую цивилизацию. Только новое всеродовое всеземное сознание и единство позволят выжить человечеству и выйти на новое положение уже вселенной».

Бидуни шак, ин падидаи номатлуб ба тадриҷ ҷомеаи моро ҳам фаро гирифт, ки фардгароии маҳз, ҳарфи орӣ аз амал, парҳез аз ташаббус, заъфи ахлоқ ва беҳурматӣ нисбат ба якдигар ва бузургсолон, ки барои ахлоқи миллии мо бегона аст, нишонаҳои боризи он ба шумор мераванд. Бояд тадбире андешид, то аз густариши бештари ин падидаи манфӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Ба назари банда, яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин мушкил машғул шудан ба кору созандагӣ дар муҳиту макони зистамон аст.

Имрӯз бахши зиёде аз мардони мо роҳи ҳалли мушкилоти зиндагиашонро дар муҳоҷират ба кишварҳои дуру наздик мебинанд. Албатта, манъи муҳоҷират роҳи ҳал нест, балки мудирияти саҳеҳ ва эҷоди таъодул дар ин раванд лозим аст. Муҳоҷират як падидаи таърихист ва ба сурати табиӣ паёмадҳои бисёр зиёди мусбату манфии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Ин масъала, ки бори мусбат ё манфии ин падида барои мардуми мо бештар аст, ба маҷмуъе аз авомилу далоил иртибот мегирад, ки пардохтан ба он ҳадафи ин навишта нест. Фақат ба сурати гузаро ба он бояд ишора кард, ки дурӣ ва ҷудоӣ аз ҷуғрофиёе, ки кистиву чистии фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва эътиқодии муҳоҷиронро шакл додааст, умдатан таъсири манфӣ дорад. Барои насли фарзандон, яъне онҳое, ки дар хориҷ ба дунё омадаву он ҷо дарс хондаву бузург мешаванд, арзишҳои иҷтимоиву фарҳангии мо ба шиддат ранг мебозанд. Барояшон Тоҷикистон фақат ватани падариву бобоӣ боқӣ мемонаду бас. Тағйири сохтори синнӣ ва солхӯрдагии аҳолӣ дар манотиқи рустоӣ (чун бештари ҷавонону мардони синни 20 то 50 муҳоҷири корӣ мешаванд) падидаи нигаронкунандест.

Барҳақ раҳбари давлат бо нигаронӣ аз ин масъала таъкид дошт, ки “Гумон накунед, ки дар кадом кишваре мардуми моро мунтазиранд”. Дар ҳақиқат кишварҳои дигар бо пазириши нерӯи кори мо мушкилоти худро ҳал мекунанд, бахусус замоне, ки ин нерӯи кор ба маротиб арзонтар буда ва ниёзе ҳам ба харҷу ҳазинаҳои иҷтимоӣ барои онҳо вуҷуд надорад. Вақте мешунавем муҳоҷирони мо (ҳатто онҳое, ки шаҳрванди Русия ҳастанд) барои мардуми бумӣ кӯчаҳоро мумфарш мекунанду об мегузаронанд, ба мактабҳову кӯдакистонҳо ва нафақахӯронашон кумакҳои моддӣ мерасонанд, онҳоро дарк мекунем. Албатта, аз як тараф чунин иқдом мутаносиб бо фитрати зотии мардуми мост ва аз тарафи дигар, чунин рафтор як навъ муомилаву мусолиҳа бо мардуми бумист, то даст аз таҳқиру беҳурматӣ нисбати онҳо бардоранд, ки ба лиҳози равоншинохтӣ бозгӯкунандаи нигарониашон аст.

Нуктае, ки мураккаб будани вазъи ҷаҳони имрӯзаро нишон медиҳад, эъломи ҳукумати мӯҳтарами Тоҷикистон дар бораи “вазъи фавқуллода” ва “бехатарии озуқа” мебошад. Изҳороти раиси кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ Ориф Хоҷазода дар нишасти хабарӣ дар ин хусус, ки агар захираву имконоти ҷумҳурӣ самаранок истифода шаванд, Тоҷикистон метавонад то 50 миллион нафарро бо хӯроку озуқа таъмин намояд, бисёр ҷолиб ва умедворкунанда аст. Зеро бар асари сиёсати тӯлонии бегонагон дар зеҳни  мардуми мо ин бовар қавӣ шудааст, ки гӯё Тоҷикистон барои таъмини худ бо озуқа аз миқдори лозими замин бархурдор нест. Ман комилан тарафдори изҳороти раиси кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ ҳастам, ки мо ҳама имконоти худкифо буданро дар ихтиёр дорем. Дар сарзамине, ки то се ҳосил метавон гирифт (ки мо худ ин се ҳосилро гирифтаем), магар мешавад ба ноумедӣ роҳ дод? Яке аз дӯстони рӯзноманигор ва донишмандам гуфт, ки дар ноҳияи Кушониён яке аз кишоварзон дар тули сол аз замини ҳавлиаш панҷ бор ҳосил мегирад.

Бинобар ин, бояд навтарин усулҳои илмӣ ва технологиро истифода барем. Ҳоло танқиди баъзе аз мардум аз изҳороти ёдшударо метавон дарк кард, ки аз болоравии пайвастаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ маншаъ мегирад ва ин ҳақро ҳам доранд, ки  интиқод бикунанд. Ин вазъиятро бо чанд ҷумла метавон шарҳ дод: фаъолияти ташкилоту созмонҳои ба соҳаи кишоварзӣ алоқаманд, аз ҷамоатҳо сар карда то ноҳияҳову вилоятҳо ва кумитаҳову вазоратҳо, ҷавобгӯи ниёзҳои имрӯзи соҳаи кишоварзӣ нестанд ва ба дарди истеҳсолкунанда намерасанд. Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии зарурӣ байни мудирияткунандагон ва истеҳсолкунандагон вуҷуд надорад. Хулоса, набзи бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ мураттабу мавзун ва ҳамоҳанг наметапад. Ин ноҳамоҳангист, ки имкони посухи муносиб гуфтан ба ниёзҳои дохилӣ ба маҳсулоти кишоварзии худӣ маҳдуд шуда, ба ночор бахши зиёди озуқа аз хориҷ вориди бозори кишварамон мегардад. Усулҳои хоҷагидорӣ, шеваи мудирият ва ҳатто ибораву вожаҳое аз хориҷ ворид ва аз тариқи минбару сӯҳбатҳо матраҳ мешаванд, ки бо зеҳну андешаи мардуми мо носозгоранд. Деҳқони мо имрӯз ба кумакҳои имтиёздор ниёз дорад, ки ҳарчӣ зудтар ва осонтар самара бигираду қоматашро рост кунад, то дар оянда битавонад ба таври мустақил заруратҳои кишоварзиашро таъмин намояд. Сӯзишвории гарон, нуриҳои чанд баробар қиматшуда, камбуди техникаи кишту коркарди маҳсулот, ки иҷораи он бисёр гарон аст, ба истилоҳ, камари деҳқонро мешиканад. Ва аз ҳама аҷибаш ин аст, ки дар ноҳияву вилоятҳо камтар аз ҳолу аҳволи деҳқон мепурсанд. Вазорати кишоварзӣ ва идораи бехатарии озуқа, ки масъули чигунагии шароити кишоварзӣ ва таъмини озуқа ҳастанд, мутаассифона, бо сохтори мавҷудаашон имкони расидагӣ ба мушкилоти кишоварзонро надоранд.  Маъмулан посухи масъулони ноҳияҳо ба кишоварзон ин аст: Давлат заминро дар ихтиёратон додааст, он тарафаш кори шумост!

Бояд шеваи кори кишоварзӣ ба сурати комил дигар шавад. Ба унвони мисол, банда ки соҳиби хоҷагии дехқониам ва таҷрибаи  мудирият ва истеҳсолотро ҳам дораму ҳатто баъзеҳо каму беш мешиносандам, дар тули 3-4 сол наметавонам қарз (кредит) ё кумаке дарёфт намоям, то атрофи 7 гектар заминро, ки дар ихтиёр дорам, маҳкам карда, парвариши ниҳолҳои бо шароити маҳал мутобиқро ба роҳ монам ва маҳсулотро ба мардум арза созам. Ҳарчанд ҳанӯз натиҷае ҳосил нашудааст, аммо ҳамчунон пайгири ин масъала ҳастам. Тасаввур кунед, як ноҳия, ки барномаи 5 ё 10 солаи рушди кишоварзӣ дорад, соҳиби як ниҳолхонаи дуруст нест. Бо чунин сохтору мудирияти на чандон муосиру муассири кишоварзӣ гумон аст, ки дар шароити душвору печидаи минтақавию ҷаҳонӣ ба осонӣ битавонем дар заминаи таъмини кишварамон бо озуқа  ба худкифоӣ бирасем.  

Ба назари банда дар марҳилаи кунунӣ эҷоди як ниҳоди қавии мутамаркази мудирияти кишоварзӣ ва соҳаҳои марбут ба он бисёр муҳим аст, то ҳамоҳангӣ ва пайванди мутақобили сохторҳои кишоварзиро ба вуҷуд орад. Як ваҷаб заминро бе назорат нагзораду аз ҳоли деҳқон чун аз ҳоли худ бохабар бошад. Ҳамон сохтори Вазорати кишоварзии замони Шуравӣ, ки аз боло то ба поён ҳамаро назорату мудирият мекард, дар як марҳилае барои мо муҳим аст. Ин масъала ба маънои маҳдуд кардани озодии деҳқон ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳо ва ғайра нест.  Албатта, набояд фаромӯш  кард, ки замин ҳанӯз дар дасти давлат аст ва абзорҳои лозим барои пешгирӣ аз бекор мондани замин ва сарфи беҳудаи обро дар ихтиёр дорад.   Инчунин фароҳам овардани имтиёзҳо барои деҳқон-истеҳсолкунанда калиди кушоиши кор аст. Ман ба ҳукумати муҳтарами ҷумҳурӣ пешниҳод мекунам, то ташкили чунин як сохторро дар риштаи кишоварзӣ бо як барномаи амалӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ҳамзамон аз мутахассисону масъулини марбута хоҳиш мекунам, ки дар ин бора изҳори назар намоянд.

Таъкиди ин нуктаро лозим медонам, ки кишоварзӣ пояи тамаддун аст. Кишоварзӣ амнияту осудагии дохилии кишвари мост. Махсусан дар фарҳанги миллии мо ин масъала аз тариқи муқаддас шумурдани “нон” ба унвони муҳимтарин маҳсули кишоварзӣ, аҳамияти беназире касб кардааст. Ин намунаи боризи ташвиқи мардум ба кишоварзист. Дар хеле аз рустоҳои мо суннати дерин ин буд, ки дар радифи Қуръон ё китоби дигари аз назари мардум муқаддас, болои сари кӯдакон дар гаҳвора порае нон мегузоштанд ва ё вақте бачаҳо шабона ба ҷое мерафтанд, ҳамчу “ҳамроҳ” ва “ҳофиз” ба онҳо порае нон медоданд. Ба қавле, “Дар хонае, ки нон аст, дев роҳ надорад”.

Дар вокеъ, худкифоии комили мо дар масъалаи озуқа боризтарин тасдиқи истиқлолиятамон хоҳад буд. Аз ин рӯ мо бояд ҳама бо ҳам ва бо саъю талошҳои муштарак ин пояи тамаддунамонро мустаҳкам намоем, ки хушбахтона, шароити табиъии муносибро ҳам дорем. Фақат онро бояд бо зеҳну тафаккури бедор ва имрӯзӣ пурра ва такмил кунем.  

Банда борҳо ба тасвири зер, ки беҳтарин намунаи заҳмати дасти кишоварз аст, ишора кардаам. Мехоҳам, ки мо ҳам ба чунин халлоқияту созандагии кишварзӣ бирасем. Ин чанд қавми зард (Ҷопону Чину Корея ва атрофи онҳо) бо пайванди ду чиз ба ин пешравӣ ноил шудаанд: яке зинда ва обёрӣ кардани решаҳои амиқи маънавияти худ, ки боиси эҷоди ангеза ва тақвияти руҳия мешавад, ва дигаре истифодаи бамавқеъу муассир аз илму технологияи навин. Айнан чунин усулро ҷомеъаи мо мехоҳад. Он гоҳ мо низ ба чунин  пешрафтҳо даст хоҳем ёфт. Албатта, ин кори осон нест, балки бисёр сахт ҳам ҳаст. Зеро муҳимтарин масъала амал кардану ба кор гирифтани андешаву тафаккур аст. Андешаву тафаккуре, ки бояд ба воситаи амал кардан ба фарҳанг табдил шавад. Манзури мо аз “амал” ҳамон мактаби истеҳсолот аст, ҳаракат аст, ки тафаккури истеҳсолиро эҷод мекунад, шуурро такон медиҳаду таҷриба меофарад. Хонаву сарзаминро муқаддасу азиз мекунад ва умеду бовариву маърифатро ба камол мерасонад. Ҳаракати худҷӯши ҳамешагиро эҷод мекунад, ки  ниёз ба фармоиши касе надорад. Ин корест, ки чиниҳо карданду муваффақ шуданд. 

Ҳатто дар китоби осмонӣ вожаи “амал” беш аз тафаккур таъкид шудааст. Барои ин мавзӯи мушкилро пай бурдан андешаи зани донишманд ва соҳибмаърифат ва орифаи масеҳӣ Елена Блаватскаяро меоварам, ки мегӯяд: “Бештари инсонҳо аз мустақилона фикр кардан нафрат доранд”. Дақиқан мушкили кор ҳамин ҷост. Бояд табиъати хоболудагӣ ва танбалиро аз миёна ҷомеъа бардошт ва андешидану тафаккур карданро ҷойгузини он намуд, то по ба пойи замон битавон пеш рафт. Ба қавли Мавлоно: “ҳар нафас нав мешавад дунёву мо”. Пас бояд бедор буд то аз таҳаввулоти сареъу тунди ҷаҳони кунунӣ дар канор намонд.

Масъалаи дигаре, ки фавқулъода муҳим аст, масъалаи об мебошад. Беш аз як даҳа аст, ки ҳукумати кишварамон дар заминаи масоили об яке аз ташаббускорони аслии арсаи байналмиллист, ки баргузории чандин нишасту ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ воқеияти онро таъйид мекунад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаъи умумии СММ  соли 2025-ро “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон кард. Дар воқеъ, сол ба сол пиряхҳо об мешаванд, ҳаҷми оби дарёҳову рӯдхонаҳо кам ва чашмаҳо мехушканд. Тибқи ҳисобҳои мо ҳаҷми оби рӯдхонаи Хумбоб аз соли  1980 то имрӯз қариб 50% кам гардидааст. Рӯди Панҷ низ тақрибан ҳамин вазъиятро дорад. Яке аз аслитарин сабаби обшавии пиряхҳо ва камобии дарёҳову рудхонаҳо  аз байн рафтани ҷангалҳои анбӯҳест, ки қаблан вуҷуд доштанд (ки мо худ шоҳиди он будем). Илова бар он, тайи солҳои ахир бо сабаби чарои беусули галаҳои бешумори бузу гӯсфанд чарогоҳҳову алафзорҳо ба майдонҳои хокӣ табдил шудаанд, ки бо вазидани бод чангу ғубори он рӯи пиряхҳо мехобанд ва раванди об шудани онҳоро метезонанд.

Нуктаи дигари қобили зикр ин аст, ки сол ба сол занбури асал аз гули гиёҳҳо маҳрум мешаваду ҳайвоноти ваҳшӣ аз хӯрок. Идомаи ин раванд метавонад дар дарозмуддат хатари камбуди оби неругоҳҳои барқи обиро пеш орад. Пас бояд фард-фарди ин ҷомеъа маърифати шинохт ва эҳтироми қонунҳои табиатро пайдо кунад. Бояд бидонад, ки дар манотиқу кӯҳсорони холӣ аз дарахту гиёҳ борону барф намеборад. Зеро берун кашидани борону барф аз абрҳои уқёнусӣ тавассути олами наботот ба вуҷуд меояду бас.

Аз гузаштаи дур то ҳафт-ҳашт даҳаи пеш ҳанӯз ин масал зинда буду риъоя мешуд, ки “Қатли башар ва қатъи шаҷар муҷозоти яксон дорад”. Аз ибтидо инсонҳо бо таҷрибаашон инро медонистанду риоя мекарданд. Ҳатто Мавлоно табиатро ҷисми зинда медонаду таъкид мекунад: “мо самиему басирему ҳушем”. Яъне мо мешунавем, мебинем ва ҳуш дорем ва “бо шумо номаҳрамон мо беҳушем”. Боре яке аз мутахассисони риштаи биологӣ аз водии Олойи Бадахшон баргашта буд, аз нестшавии набототи нодир хабар медод, ки банда ин нигарониро ба яке аз олимони соҳаи ҳифзи табиат расондам. Ӯ бепарво ҷавоб дод, ки ин ҳама нигарониҳо беҳуда аст, зеро медонем, ки то соли 2021 он қадар барф меборад, ки ҳама кӯҳҳо пур мешаванд. Ба ӯ нигоҳ кардаму ба дил гуфтам: вой бар ҳоли ҷомеъае, ки олимаш ин аст…

Ҳамон гуна ки ишора шуд, ҳалли ин ҳама масъала вобаста ба эҷоди сохтори мутамарказу қавии Вазорати кишоварзӣ ва инчунин Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, ҳокимиятҳои маҳаллии вилоятиву ноҳиявӣ, соҳибкорон ва… хулоса иқдомоти якояки сокинони ин марзу бум мебошад. Банда ба унвони як узви одии ин ҷомеъа дар канори корҳое, ки анҷом медиҳам, ба фикри роҳандозии парвариши занбури асал ҳастам ва мехоҳам бо ин иқдом бахше аз мардумро дар ин замина ба даст ба кор шудан ташвиқ кунам, то ба худкифоӣ бирасанд.

Дуруст аст, ки имрӯзҳо ташкилоту созмонҳои зиёди хориҷӣ барои истифода аз имконоти кишварамон бо даҳҳо лоиҳа ворид мешаванд. Савоби кор ин аст, ки аз онҳо истифодаи саҳеҳ дошта бошем ва бо ба кор гирифтани таҷрибаву технологияи пешқадам муваффақ ба эҷоди фазои созандагӣ бишавем. Чаро ки бахши зиёде аз чунин тарҳҳо умру асари дарозмуддат надоранд ва бо поён ёфтани ҳимояи молливу моддии хориҷӣ аз байн мераванд. 

 Ҳикмати созандагии худамон аз он назар муҳим аст, ки боъиси таҳкими ваҳдатамон мешавад, андеша ва тафаккури ҷамъии моро месозад, ҳадафи моро муайян мекунад ва таҷриба медиҳад. Дар раванди созандагӣ бояд ҳама мардум ҳамдаст бошанд, чӣ ононе ки дар дарунанд ва чӣ ононе ки дар бурунанд, чӣ ононе ки мувофиқанд ва чӣ ононе ки ихтилофи назар доранд ва ё, ба истилоҳ, “димоғашон сӯхта” аст. Ободиву пешрафт ва суботу амнияти қавии кишвар ниёзманди амали муштараки ҳама ақшори ҷомеъа аст. Шояд тасаввури дар канори ҳам қарор гирифтан, бо вуҷуди ихтилофи назар, каме руъёӣ ба назар расад, аммо аҳамияту азамати хокдонамон то ҷоест, ки бояд ба хотири ободиву пешрафти ин марзу бум гузашт кард.

Чиниҳо дар тули 2 ҳазор сол (аз асри 6 пеш аз мелод то асри 13 мелодӣ) оброҳи (канали) бузурги чинро сохтанд, ки дарозии он 1782 километр буда, ҳеҷ гоҳе аз кори сохту сози он даст накашиданд. Ҳарчанд ҳукуматҳо омаданду рафтанд ва байни худашон ихтилофу хусумат ҳам доштанд, аммо ҳамагӣ ба ин тарҳ ба унвони манфиати миллиашон ҳамеша таваҷҷуҳ зиёд нишон доданд. Аз ин рӯ ягона тамаддунест, ки занҷир ё силсилааш ҳеҷ вақт канда нашудааст.

Ва дар ниҳоят нуктаи дигаре, ки дар ин марҳалаи сарнавиштсоз ба хотири беҳбуди кору созандагӣ зарур мешуморем, рӯйи кор овардани кадрҳои ҷавону донишманд ва дорои ахлоқи наку мебошад. Бахусус дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо, ки звенои асосии истеҳсолот он ҷост.

Хулоса, он чӣ гуфта шуд, аз нигоҳи мо, ниёзи имрӯзи ҷомеъаи кишварамон дар соҳаи кишоварзист. Интизор дорем дигарон ҳам назару пешниҳодоти худро дар миён бигузоранд, то ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ бо ҳукумати кишвар ва талошҳои муштараку ҳамагонӣ ба ҳадафҳои некамон бирасем.

Ҳайдаршоҳи АКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *