Умар Кремлёв

Президенти тоҷики AIBA. Умар Кремлёв парда аз рӯйи ҳақиқат бардошт

Умар Кремлёв, президенти Иттиҳодияи Ассосиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) дар сафари ахири хеш ба Тоҷикистон парда аз рӯйи ҳақиқат бардошт. Ӯ на танҳо тоҷик будани худро эътироф намуд, балки ҳамроҳи падараш аз зодгоҳаш — дараи Алмосии Ҳисор низ боздид кард…

Сирри Умар Кремлёв

Ёдовар мешавем, ки Умар Кремлёв соли 2020 президенти Иттиҳодияи Ассосиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) шуд. Ӯ дар ин вазифа Ғафур Раҳимов, маъруф ба Ғафурбойбача, як чеҳраи пурсарусадо аз Ӯзбекистонро иваз кард. Аз он замон ба ин ҷониб тоҷик будан ё набудани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёдеро ба бор оварда буд.

Мураббии маъруфи бокси тоҷик Мирзо Шамсиев ҳамон замон дар саҳифаи хеш дар Facebook навишта буд: “Умар Кремлёв зодаи Тоҷикистон мебошад ва ҳамаи мураббиёни Русия ӯро тоҷик мешиносанд. Ӯ пас аз зан гирифтан фамилияи худро аз Лутфуллоев ба Кремлёв иваз кард”.

Аммо дар тамоми расонаҳои русӣ ва ҳатто дар “Викпедия” дар шарҳи ҳоли Умар Кремлёв дар ҳеҷ куҷое гуфта нашудааст, ки ӯ тоҷик аст ё зодаи Тоҷикистон. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ӯ соли 1982 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав таваллуд шудааст.

Дар бархе аз расонаҳои русӣ овардаанд, ки замони таваллуд ному насаби ӯ Лутфуллоев Умар Назарович будааст. Аз ҷумла пойгоҳи transsibinfo.com дар матлабе бо номи “Сирри Умар Кремлёв. “Муштзани асосӣ”-и Русия чӣ чизеро пинҳон мекунад?” ба ин ишора мекунад. “Гап сари ин аст, ки Умар бо насаби занаш зиндагӣ мекунад. Ҳангоми таваллуд ӯ насаби Лутфуллоевро дошт”,- менависад ин пойгоҳ.

Ҳамин тавр, тоҷик будан ё набудани Умар Кремлёв номаълум буд.

Дар арафаи Наврӯзи имсола Умар Кремлёв ба Тоҷикистон омад. Дар баробари дидору мулоқоти расмӣ бо масъулини Ассотсиатсияи бокс, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи олимпии Тоҷикистон ӯ аз зодгоҳаш — деҳаи Гулдара (собиқ Ҷиндара)-и дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ҳамроҳи падараш Назар Сафаров аз Ҳисор боздид кардааст. Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Ҳисор дар саҳифааш дар “Фейсбук” бо нашри чанд акс хабар дод, ки рӯзи 22-юми марти соли 2023 раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо иштироки чеҳраи шинохтаи диёр Муродалӣ Алимардонов шаҳрванди Русия Назар Сафаровро, ки зодаи деҳаи Гулдара (собиқ Ҷиндара)-и ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ мебошад, ҳамроҳи фарзандаш Кремлёв Умар Назарович (Лутфуллоев) ба ҳузур пазируфт.

Кремлёв Умар Назарович, писари бобои Назар аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон ба шумор рафта, роҳбарии ин Хазина ва вазифаи президенти Иттиҳодияи байналмилалии боксро бар дӯш дорад. Кремлёв дар суҳбат бо раиси шаҳр иброз дошт, ки бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст як гӯшаи Тоҷикистонро дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, ки зодгоҳи падару бобоёнаш маҳсуб меёбад, обод намояд. Кремлёв бо зикри ин ки бо мавзеъ шинос аст, ба раиси шаҳри Ҳисор чанд тарҳеро, ки мехоҳад амалӣ намояд, аз ҷумла азнавсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ аз гардиши шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ва бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасониро дар маркази ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ пешниҳод кардааст.

Боздид аз Тоҷикистон

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Ҳисор, Умар Кремлёв бо пешниҳоди шаҳрдори Ҳисор Қосим Раҳбар ҳамчунин бунёди Мактаби варзишӣ дар риштаи боксро дар водии Ҳисор низ ба уҳда гирифтааст ва Қосим Раҳбар дар навбати худ пешниҳоди ба номи Назар Сафаров, падари Умар Кремлёв, президенти Иттиҳодияи умумиҷаҳонии бокс номгузорӣ шудани ин мактаби варзиширо бо хушнудӣ истиқбол кардааст. Умар Кремлёв ваъда додааст, ки роҳи дараи Алмосӣ бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо ҷалби ширкатҳои маъруфи роҳсозии кишвар азнавсозӣ гардида, то охири тобистони соли равон, дар арафаи таҷлили Истиқлоли Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Маълумотнома

Умар Кремлёв яке аз чеҳраҳои пурнуфуз дар доираҳои тиҷоративу корӣ ва ҳатто маъмурии сатҳи баланди Русия дониста мешавад. Ӯро яке аз тоҷирони пурнуфузи Русия низ медонанд.

Кремлёв Умар Назарович 1-уми ноябри соли 1982 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав дар оилаи Назар Сафаров ва Олга Кремлёва ба дунё омадааст. Ӯ Академияи давлатии хидматрасониҳои коммуналӣ ва сохтмони Маскавро хатм кардааст. Умар Кремлёв дар ҷавонӣ машқи бокс мекард, вале бештар ҳамчун промоутер ном бароварда буд. Соли 2017 президенти Федератсияи бокси Русия ва соли 2018 узви Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи байналмилалии бокс интихоб шуд. Соли 2020 вақте боксро ба далели раҳбарии ин Иттиҳодияро ба дӯш доштани Ғафурбойбача аз Бозиҳои олимпии Токио хориҷ карданӣ шуданд, Ғафурбойбача аз президентӣ истеъфо дод ва ба ҷои Умар Кремлёв президенти Иттиҳодияи байналмилалии бокс (AIBA) интихоб шуд.

Умар Кремлёв нахустин нафаре бо решаҳои тоҷикист, ки ба мақоми раҳбарии як созмони муътабари ҷаҳонӣ дар риштаи варзиш расидааст.

Диловар ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *