Дар Душанбе роҳҳои муқовимат бо коррупсия баррасӣ шуд

Таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе ҷаласаи машвавратӣ оид ба татбиқи стратегияи давлатии муқовимат ба фаъолияти коррупсионӣ баргузор гардид.

Дар машварат намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони маъмурияти шаҳр иштирок дошта, мансабдорони ҷумҳуриро даъват карданд, ки дар робита бо мубориза бар зидди фасод бетараф набошанд.

Дар рафти ҷаласа таъкид гардид, ки коррупсия ба як мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфта, самаранокии мубориза бо он аз иштироки фаъоли ҳар як шаҳрванд вобаста аст.

Иштирокчиёни ҷаласа роҳҳо ва воситаҳои муқовимат ба категорияи фаъолияти ғайриқонуниро муҳокима карда, ба аҳамияти ҳамкории васеъ байни мақомоти салоҳиятдори давлатӣ диққати махсус дода шуд.

Ҷаласа дар доираи татбиқи марҳилаи аввали нақша-чорабиниҳо, ки дар Барномаи давлатии мубориза бо коррупсия барои солҳои 2021 — 2025 нишон дода шудааст, баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қаблан аз Агентии зиддикоррупсионии Тоҷикистон хоҳиш карда буд, то фаъолияти молиявии мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳрро дар соли гузашта тафтиш кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *