Чанд омили барканории Ёдгор Файзов

Тағйироти кадрии ахир дар ҳукумати Бадахшон бисёриҳоро дар тааҷҷуб гузошт. Ёдгор Файзов ҳамагӣ баъд аз 3 соли фаъолият дар симмати раиси вилояти Бадахшон аз мақомаш барканор  ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонабот ҷойгузин шуд.

Матлабро ин ҷо шунавед

Раиси мардумӣ

Коршиносон аз мансаб озод шудани Ёдгор Файзовро ба чанд омил вобаста медиҳанд. Яке бар ин бовар аст, ки Файзов миссияашро иҷро кард. Ӯ дар давраи ҳассос ва нооромии минтақаи Бадахшон сари курсии раисӣ омад ва вазъро дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ором ва суботро таъмин намуд. Ҳатто дар ҳаводиси соли 2012 дар шаҳри Хоруғ миёнарав байни Ҳукумат ва фармондеҳони минтақа буд.  Дигаре ба ин назар аст, ки барканории Ёдгор Файзов иртибот ва вазъи сиёсӣ ва нороми кишвари ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистон мегирад. Аз нигоҳи имрӯз сари қудрат омадани раиси нав, ки  солҳои тӯлонӣ дар мақомоти қудратӣ кор кардааст, марбут ба вазъи имрӯзаи Афғонистон мебошад. Аммо  Ёдгор Файзов, ки муддати кӯтоҳ дар мақоми раисӣ кор карда бошад ҳам, тавонист, ки миёни халқ робитаашро мустаҳкам намояд. Қариб дар тамоми ҳашарҳои умумихалқӣ иштирок ва бевосита дар дасташ белу каланд бо мардум кор мекард. Аксе ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда буд, ки Ёдгор Файзов ба тоза кардани ҷӯйбор машғул аст. Он дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Аксарият онро мусбӣ ва намунаи пайравӣ ба дигар раисон ном бурданд.  Шояд ҳамин хислатҳои хоксоронааш буд, ки мардум Ёдгор Файзовро раиси мардумӣ унвон карданд.

Ӯ 60 – сола ва зодаи ноҳияи Шуғнон аст. Номбурда  Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси байтор хатм карда, корро  аз озмоишгоҳи байтории ВМКБ шурӯъ намудааст. Донандаи хуби забони англисӣ аст. Ҳоло Ёдгор Файзов  расман ба мақоме таъйин нашудааст. Эҳтимоли дорад, ки  ӯ дубора ба кори пештарааш, яъне дар Фонди Оғохон фаъолиятро идома диҳад. Зеро ӯ таҷрибаи хуби кор дар ин ташкилотро дорад.

Раиси шаҳри Хоруғ кист?

Ҳамзамон, дар пайи тағироти кадрӣ Нилуфар Асламшоева, ки то ин вақт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ буд, ба ҷойи Назира Амирбекзода муовини раиси ВМКБ, Ризо Назарзода раиси шаҳри Хоруғ таъин шудаанд. Ризо Назарзода то расидан  ба ин мақоми тозатаъйин дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз амният то раиси вилоят

Алишер Мирзонабот, ки ҳоло раиси вилоят таъин гардид, зодаи ноҳияи Рӯшон, хамткардаи Омӯзишгоҳи олии марзбонӣ дар шаҳри Алмаато мебошад. Аслан, фаъолиятро дар мақомоти амнияти кишвар оғоз  кардааст. Аз ӯ кадри соҳибтаҷриба ном мебаранд ва то замони раиси шаҳри Хоруғ  пештар сардори Ситоди Отряди марзбонӣ ва командири постгоҳи марзбонӣ дар вилояти Суғд, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва муовини якуми раиси вилояти Бадахшон буд. Алишер Мирзонабот дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ ҳамагӣ як сол фаъолият карда, дорои рутбаи генерал-майор мебошад.  Ӯ дар мақоми раиси вилоят бо чӣ шева кор мекунад ва то кадом андоза ба Ёдгор Файзов пайравӣ мекунад, вақт нишон медиҳад.

Усмон Раҳимзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.