Чаро “Ҳабибӣ”-и Мубориз ва Фарзона “сюрприз” нашуд?

Мубориз Усмонов ва Фарзонаи Хуршед, ду овозхони саршиноси кишвар таронаи дуовозии худро бо номи “Ҳабибӣ” нашр карданд.

Суруди мазкур, тариқи МР3 буда, дар ютубканали шахсии Мубориз Усмонов пахш шудааст.

Чанд дақиқа пеш аз нашри таронаи “Ҳабибӣ” Мубориз Усмонов бо нашри навори кутоҳе хабар дод, ки бо Фарзонаи Хуршед ният доштанд сурудро каме баъдтар ҳамчун “сюрприз” барои мухлисонашон нашр кунанд, вале дар миён нафароне пайдо шудаанд, ки пеш аз муаллифон онро дар телеграмканалҳо пахш кардаанд. Аз ин лиҳоз, суруд пеш аз нақша нашр шуд ва мухлисони сарояндагон онро хуш пазируфтанд.

Таронаи “Ҳабибӣ” дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

“Фарзонаи Хуршед:

Биё ғазалхонӣ, шаби-шаби шабона,

Биё ба меҳмонӣ, касе-касе надона.

Мубориз Усмонов:

Чӣ мешава, агар хаторо гаҳе-гаҳе бубахшӣ,

Ситора шавӣ ба шабҳо яке-яке дурахшӣ”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *