Чаро фолбини машҳури рус ба фолбини тоҷик занг зад?

… Ин фолбинро замоне, ки он қадар машҳур набуд, мешинохтам. Ӯ худ намедонист, ки истеъдоди пешгӯии ҳодисотро дорад. Аммо боре  дар вақти ҷашни зодрӯзи як рафиқаш ба шишаи нимхолии шароб нигариста, гуфт, ки пас аз даҳ дақиқа ин шиша холӣ мешаваду ба ҷояш шишаи пурмай хоҳад омад. Ва… Ва воқеан ҳам ҳамин тавр шуд. Дӯсташ, ки дар паҳлуяш менишаст, ин ҳодисаро дида, ба ҳайрат афтод ва аз ҷояш калавида хесту  эълон кард: ”Ҳама гӯш диҳед, Холиқи Назар фолбин будаасту мо бехабар…”. Аз ин пас, аввал дар байни дӯстон ва баъд дар байни душманон калимаи “фолбин” ба исми ӯ зам шуд. Соли сипаришуда ҳатто китобаш бо номи “Биё, ки фолат бинам” аз чоп баромад, ки даст ба даст мегардад. Чун минбаъд даҳҳо гуфтаи ӯ ҷомаи амал пӯшиданд, дар рӯзҳои ҷашнгирии Соли нав хабарнигори шумо бо ин фолбини аллакай машҳур мусоҳиба анҷом дод, ки дар зер онро мутолиа мекунед.

— Салом, дар рӯзи аввали соли навпайдо худро чӣ хел ҳис мекунед?

— Хеле бардаму боқувват, аммо бо назардошти шаби гузашта… Он тарафашро шарҳ надиҳам ҳам, мешавад.

— Фаҳмо, аммо агар махфӣ набошад, бигӯед, ки чаро фолбини машҳури рус Павел Глоба дар арафаи Соли нав ба шумо занг зад?

Холиқ Назар пас аз ин савол сари хумориашро якбора боло карду рангаш канд ва дар ҷавоби савол савол дод:

— Ако, Шумо аз куҷо фаҳмидед?

— Фаромӯш накунед, ки ман разведкачӣ…

— Ҳа… Э боз ҳамон саволҳоеро дод, ки худаш ҷавоб дода натавонистааст. Мехоҳад аз меҳнати ман чун дигар гастарбайтерҳо истифода барад. Ҳоло ҳам намедонад, ки ман дигар муҳоҷири меҳнатӣ нестам.

— Хуш, саволаш чӣ буд?

— Мегӯяд, ки ҷанги Украинаю Русия дар ҳамин сол хотима меёбад ё не? Ман ҷавоб додам, ки инро аз Путину Байден пурс. Гуфт, ки онҳо адреси туро доданд. Ман гуфтам, ки “бале”, аммо санаашро нагуфтам, зеро медонам, ки ӯ инро аз номи худаш мегӯяду боз ҳам машҳуртар мешавад ва намехоҳад ҷаҳониён номи вориси асосии Нострадамусу Ванга, яъне маро донанд.

— Алакай ӯ эълон кард, ки ин моҷаро августи соли 2024 хотима меёбад. Магар ин гуфтаи шумо нест?

— Албатта не, мана мебинед, ҳамин сола худаш ин ҷанг хотима меёбад. Аммо гуфтам ку, санаашро медонаму намегӯям. Шпионҳо бисёр шудагӣ… Биёед беҳтараш дар бораи кишвари худамон чанд пешгӯӣ кунам. Майлаш?

— Чаро не?

— Имсол қурби сомонӣ хеле боло меравад. Албатта нисбати рублу доллар.

— Бахудо?

— Қасамхӯрӣ кори ман нест… Тухми мурғ арзон мешавад. То як сомонӣ ва аз он ҳам пасттар. Нархи кадую тарбуз ҳам мефарояд. Аммо пахта қиммат мешавад.

Ман, ки дар хона равған надоштам, саросема пурсидам:

— Равған чӣ, равған?

— О пахта, ки қиммат шуд худатон он тарафашро ҳисобу китоб кунед-дия. Дар маҷмуъ, иқтисоиёт каме ба пешравӣ майл мекунаду зиндагӣ беҳтар мешавад. Вале…

— Чӣ “вале”?

— Валеаш ҳамин, ки назоратчиёни ширкату корхонаҳои шахсӣ бештар мешаванд ва ин ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад. Ба фикрам, то он вақт ҳукумат боз ҳам пеши роҳи он “назоратчиёни беназорат”-ро хоҳад гирифт.

— Ба фикратон, ё аниқ?

— Аниқ! Боз ягон саволи дигар доред?

— Сад савол дорам, вале шумо ба ҳамин савол ҷавоб диҳед, ки оё моҷарои сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон хотима меёбад?

— Инашро сад фоиз ҷавоб дода метавонам. Бале, натанҳо хотима меёбад, балки риштаи дӯстии байни мо ба троси фӯлодини дӯстӣ табдил меёбад. Ин ҳодиса то аввалҳои тобистони имсола рух хоҳад дод. Аммо масъалаи сарҳади дигарамон бо Афғонистон андак дертар ҳал хоҳад шуд.

— Бо Толибон?

— Бале, бо Толибон… Зеро то замоне, ки онҳо сари қудратанд, дар бораи мустаҳкамию бехатарии сарҳадҳои ҷанубӣ гуфтан маънӣ надорад.

— Чун шумо ҳоло фолбини №1-и кишварамон эътироф шудаед, ки ҳатто дар ин мавзуъ соҳибкитоб ҳам ҳастед, бигӯед, онҳо кай мераванд?

— Кай мешуд? То замоне, ки Аҳмади Масъуду ҳамроҳонаш Кобулро аз онҳо озод накунанд, онҳо ба ҳамаи ҷаҳониён мушкил пеш меоранд. Замоне, ки мардуми дунё на бо сухан, балки амалан ба Ҷабҳаи писари Масъуд кумак карданд, он гоҳ интизори оромии мутлақ шудан мумкин аст ва ин ҳолатро мо дар соли 2023 дида метавонем…

— Боз як савол…

— Илтимос, дигар саволҳо бас шавад, ки сарам пас аз нишасти солинавӣ ба кафидан наздик аст. Наздиктарин “бар” куҷо буд, маро ба он ҷо бар… Баъд… ба ҳамааш баъд ҷавоб медиҳам…

Чун аз ҷониби ман ҳаракате нашуд, Холиқи Назар бо ду дасташ сари пурдардашро қапида, ба тарафи баромадгоҳ равон шуд ва ман саволи худро ба худам додам:

— Баъдаш кай? Замоне, ки ҳодисаю воқеаҳо аллакай рух доданд? Он гоҳ фолбинро на “фолбин”, балки “таърихчӣ” мегӯянд. Ба ҳар ҳол, интизори амалӣ шудани пешгӯиҳои фолбин Холиқи Назар мешавем…

Мусоҳиб: А. АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *