Дастаи наврасони Тоҷикистон

Дастаи наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми рушд

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» ширкат хоҳад кард.

Дар «Ҷоми Рушд-2023», ки аз 5 то 11-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат мекунанд.

Дастаи Тоҷикистон (U-17) дар гуруҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Белорус (U-16) нерў месанҷад. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои Белорус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ўзбекистон (U-17) ва Русия (U-16) бозӣ мекунанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гуруҳӣ дастаҳо аз рўйи системаи даврӣ дар як марҳила рақобат мекунанд. Сипас, ғолибони гуруҳҳо дар финал бо ҳам вомехўранд. Дастаҳое, ки дар гуруҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин, барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳо баргузор мешаванд. Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *