Чаро гурезагони Афғонистон баргаштанд?

Хости Карзай ва Абдуллоҳ аз бозгашти дубораи сиёсатмадорони фирорӣ ба Афғонистон

Ҳамид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз толибон мехоҳанд то шароит бозгашти сиёсатмадорони фирорӣ ба кишварро фароҳам созанд.

Ҳамиди Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, мегӯяд, ки ӯ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ дар ҳукумати пешин дар номае ба толибон хоҳони фароҳамсозии шароит барои бозгашти сиёсатмадорони фирорӣ ба кишвар шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Қобили зикр аст, ки Абдулсалом Раҳимӣ, ки қаблан кишварро тарк карда буд, чанд рӯз пеш пас ба Кобул баргашт. Ӯ дар замони ҳукмронии Ашраф Ғанӣ вазири умури сулҳ буд.

Дар ҳоли ҳозир бозгашти чеҳраҳои наздик ба ҳалқаҳои Ғанӣ ва қарор гирифтан онҳо дар канори толибон шубҳанок аст, чунки бархе аз ин шахсони сиёсӣ аз сӯйи толибҳо ба “дуздии пулҳои кумаки ҷаҳонӣ” муттаҳам мешаванд.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.

Ман бояд, ҳатман баргардам…

Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд. Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад.

Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.