Чавгонбозӣ. Аз рукуд то эҳё

Тоҷиконро бозии воло бувад,

Номи чавгон аз ҳама боло бувад.

Чавгонбозӣ яке аз бозиҳои қадимаии тоҷикон мебошад, ки навъе аз варзиши қадимии ориёиҳост. Дар аввал чавгонбозӣ бо асп сурат гирифта, варзишгарон савори асп ба майдон мебаромаданд ва ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд. Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва дар рӯи майса низ гузаронида мешуд.

Мутахассиси шоистаи соҳа Сунатулло Собиров, устоди варзиши кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарчашмаи пайдоиши ин бозиро аз Эрони қадим ҳисобида, гуфт: “Чавгонбозӣ аслан дар асри ду пайдо шудааст. Ин бозии дӯстдоштаи мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт ва онҳо ин намуди варзишро ҳамчун нишонаи ҷасорату родмардӣ медонистанд. Ин намуди варзиш бештар дар идҳои “Наврўз” ва “Меҳргон” гузаронида мешуд.

Аслан, бозии чавгон се вожаи аслии тоҷикӣ дорад, ки ҳар се дар алоҳидагӣ як маънои томро ифода мекунанд: чавгон, гуй ва бозӣ. Чавгон чӯби махсуси қаткардашудаест, ки андоза ва шакли махсус дорад. Гуй гирдаест, ки аз пашми гов сохта шудааст. Бозӣ амали шахс аст, ки тавассути ин лавозимот ҳунару маҳорати худро нишон медиҳад. Аз ин далелҳо бармеояд, ки мо бевосита гуфта метавонем, ин намуди варзиш моли тоҷикон аст”.

Сунатулло Собиров аз нав эҳё шудани ин варзишро дар кишвар ба баъди солҳои 70-уми асри ХХ рабт медиҳад. Ба гуфти ӯ, аввалин қувваозмоии ҷавонони тоҷик соли 1976 дар мусобиқаи байни давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ шуруъ шудааст.

Соли 1970 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дастаи чавгонбозон ба номи “СКИФ” ташкил шуд ва соли 1976 номи “Ҳосилот”-ро гирифт. Баъдан, соли 1982 дар спартакиадаи ҷавонон дастаи бонувони чавгонбози тоҷик низ таъсис ёфт. То ҳол беҳтарин мунтахаби бонувони чавгонбози тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷа иштирок намуда, маҳорати хешро нишон дода истодаанд.

Дар ин бора раиси Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон Екатерина Юсуфова чунин ибрози андеша намуд: “Чавгонбозӣ дар даврони шўравӣ хеле рушд ёфта буд, аммо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба бозиҳои миллӣ, аз ҷумла чавгонбозӣ зарбаи сахт зад. Соли 1992 Тоҷикистон узви Федератсияи ҷаҳонии чавгонбозӣ гардид, вале чавгонбозӣ низ пош хӯрда, қариб буд аз байн равад. Вале хушбахтона, аз соли 2000-ум сар карда, чавгонбозӣ дар гӯшаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ аз нав ташаккул ёфт. Соли 2006 бо дастгири Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарпарастии Кумитаи миллии олимпӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе семинари машваратӣ оид ба рушди чавгонбозӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Барои аз нав эҳё кардани чавгонбозӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саймумин Раҳимов таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд ва беҳтарин бозингарони хуб ҳам тайёр намудаанд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, маҳорати хуб нишон додаанд”.

Аз ҷумла, беҳтарин бозингарони дастаи бонувон инҳо мебошанд: Шаҳноза Сатторова, Нигора Шерматова, Мафтуна Тагаева, Дилноза Холпулатова, Рафоатхон Қувватова ва Марҷона Файзуллоева.

Беҳтаринҳо аз дастаи писарон бошад, Наим Аюбов, Раҳматулло  Намозов, Хусрав Асозода, Муҳаммаднабӣ Наботов ва Муҳаммадрафӣ Собиров ба ҳисоб мераванд.

Умедворем, ки чавгонбозӣ чун як навъи варзиши миллӣ мисли дигар варзишҳо рушду нумуъ ёфта, мухлисони бешумор пайдо менамояд ва дар арсаи ҷаҳонӣ чавгонбозони тоҷик бо маҳорати баланди хеш муаррифгари ин навъи варзиш мешаванду парчами меҳанро баланд  мебардоранд.

Шаҳноза САТТОРОВА,донишҷӯйи соли сеюми факултаи журналистикаи ДМТ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.