Чеҳраи ТВ “Варзиш” кӣ бошад?

Чанд рӯз пеш тоҷиктабор Шавкат Раҳимов дар шаҳри Абу — Забии ДМА дар ширкати промоутерии ,,Mathroom” дар намуди IBF — Федератсияи байналмилалии бокс дар вазни 59 кг ғолиб омад.

Баъди ин сари эҳсос, донистаю надониста, ҳамагон навиштанд, ки ин  аввалин тоҷик аст, ки дар вазни худ корномаи Муҳаммад Алӣ, Малик Азизро такрор кард… Вале, ин пиндор ғалат аст!

Аввалин чемпион дар ин клуб ва клубҳои дигар Муҳаммадхоҷа Ёқубов аст. Ӯ зодаи Навгилеми Исфара  (таваллудаш 31-уми марти соли 1995) аст. Дар Сургути Русия зиндагӣ мекунад ва дар вазни 59 кг ғолиби чандин муҳорибаҳо, аз ҷумла IBF (соли 2018) аст.

Аммо чаро мо ӯро намешиносем? Зеро телевизиони “Варзиш” онҳоро кам тарғиб мекунад. Хуб мешуд, ки телевизиони “Варзиш” зери рубрикаи “Ситораҳои варзиши тоҷикони ҷаҳон” барои шиносоии варзишгарони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар фаъолият мекунанд, гузоришҳо таҳия мекард.

Аввалин Чемпиони ҷаҳон аз Тоҷикистон дар бокс бошад, Раҳим Малахбеков аст. Ӯ барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ аст. Ҳатто коршиносон гуфтаанд, ки медали тиллои олимпӣ ҳақи ӯ буд, вале доварон ноҳақӣ карда, ӯро сазовори медали нуқра донистанд. Ӯ қаҳрамони Қалмиқистон, вакил, раиси парлумон ва шаҳрванди ифтихории ин миллат аст.

Бояд чунин нафарон чеҳраи ТВ “Варзиш” бошанд.

М. СОБИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *