Чемпионати Душанбе бо пирўзии наврасони Эрон анҷом ёфт

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон, Ўзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд, бо пирўзии дастаи Эрон ба анҷом расид.

Дар даври ниҳоӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов аз дастаи наврасони Эрон бо ҳисоби 0:7 шикаст хўрд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи мунтахаи Ўзбекистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 пирўз шуд.

Ба ин тартиб, аз рўи натиҷаҳои мусобиқа, ду даста — Эрон ва Ӯзбекистон 10-имтиёзӣ ба даст оварданд, аммо ба далели тафовути тўбҳо наврасони Эрон барандаи чемпионати CAFA-2022 гардиданд. Ӯзбекистон медали нуқра ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чор имтиёз медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи Қирғизистон дода ва ҷоизаи махсус насиби дастаи Афғонистон шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бозигари дастаи Ӯзбекистон Амирбек Саидов (7 гол) дониста шуд. Ҷоизаи арзишмандтарин бозигар ба футболбози эронӣ Ризо Гандипур насиб гардид.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Ӯзбекистон — Эрон — 2:2

Афғонистон — Қирғизистон — 1:1

Даври 2

Қирғизистон — Тоҷикистон — 0:2

Афғонистон — Ӯзбекистон — 0:6

Даври 3

Тоҷикистон — Афғонистон — 0:0

Эрон — Қирғизистон — 2:0

Даври 4

Ӯзбекистон — Тоҷикистон — 2:0

Эрон — Афғонистон — 1:0

Даври 5

Тоҷикистон — Эрон — 0:7

Кирғизистон — Ӯзбекистон — 2:3

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *