Чемпионати Тоҷикистон бо ширкати 12 даста 7-уми март шуруъ мешавад

Як моҳ қабл аз оғози мавсими нав маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар мавсими 34-уми Чемпионати Тоҷикистон, ки 7-уми март оғоз мешавад, 12 даста ширкат мекунанд. Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар умум, то охири мавсим ҳар бошгоҳ дар мусобиқа 22 вохӯрӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими 2025 дар Лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба Лигаи якум меравад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, барои дар Лигаи олӣ мондан бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 қувва месанҷад.

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), КМВА (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Истиқлол» (Душанбе), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан» (Истаравшан), «Эсхата» (Хуҷанд), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор), «Ҳулбук» (Восеъ) дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон ҳастанд.

Дар даври якум «Панҷшер» бо «Ҳулбук», КМВА бо «Ҳосилот», «Барқчӣ» бо «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол» бо «Хуҷанд», «Вахш» бо «Эсхата», «Равшан» бо «Истаравшан» бозӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *