Чин интернети 10G фаъол кард
Ширкатҳои Ҳуавей ва China Unicom насли нави алоқаи 10G-ро дар вилояти Хэбэй, наздик ба шаҳри Пекин фаъол карданд.
Суръати интернет дар насли нав 9834 мегабит дар сония аст. Муҳлати интизорӣ камтар аз як сония гуфта мешавад.
Ба ҳолати моҳи январи имсол дар Чин зиёда аз 4 миллион истгоҳҳои базавии насли 5G фаъол аст. Дар ягон кишвари дунё ин миқдор истгоҳҳои базавии насли 5G нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ