Чин ҷои аввал ва Украина мақоми дуюмро сазовор шуданд

Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки аз 4-ум то 13-уми март дар Пекин доир гардид, мунтахаби Чин бо касби 61 медал (18 тилло, 20 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо назардошти ҳам сифат ва ҳам теъдоди онҳо ҷойи  аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Украина бо касби 29 медал (11 тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Канада бо касби 25 медал (8 тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) мақоми сеюмро азони худ карданд.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Фаронса (7 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6 тилло, 11 нуқра ва 3 биринҷӣ), Австрия (5 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ), Олмон (4 тилло, 8 нуқра ва 7 биринҷӣ), Норвегия (4 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ), Ҷопон (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва Словакия (3 тилло ва 3 биринҷӣ) қарор гирифтанд.

Ба ғайр аз Украина, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 17-умро касб кард.

Ҳамин тариқ, дар нуҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 19 кишвар соҳиби медалҳо шуданд, аз он ҷумла намояндагони 15 кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ (IPC) ба далели фишори намояндагони кишварҳои дигари ширкаткунандаи мусобиқот дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дархости варзишгарони Русия ва Белорусро барои ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2022 дар Пекин рад кард.

Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин, ки рӯзи 13-уми март ба поён расид, 564 варзишгари маълул аз 46 кишвар барои 78 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил буд: лижаронии куҳӣ, биатлон, пойгаи лижаронӣ, ҳоккей дар чана, сноуборд ва кёрлинг дар аробачаи маъюбӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *