Чоҳ дар роҳ. Ё вақте гаҳвора бе алла меҷунбад

(Ба ҷои фелетон)

Шумо боре ба Кӯҳистони Мастчоҳ сафар кардаед ва ё ба дурдасттарин деҳоти ноҳияҳои Ховалингу Тавилдара рафтаед? Не? Дуруст, зеро роҳи он ҷо дуру мушкилгузар ва роҳкиро ҳам қимат аст. Аммо ман мехоҳам ҳамагӣ ба ивази 2 сомонию 60 дирам шуморо ба он ҷо барам ва барои ин ҳатто аз шаҳр баромадан ҳам шарт нест. Бовар намекунед?

Пас ба “маршрутка”-ҳои хатсайри 14 ва ё 16 шинеду то истгоҳи охирини онҳо, яъне то кӯчаи Моёншо Назаршоев равед, ки тарабхонаи “Зебуннисо” ва боз чандин ташкилоту корхонаҳои бообрӯй қарор доранд. Ана баъд аҷоиботи ин сафарро дар хотираҳоятон хоҳед навишт.

Вақте ки ин “маршруткаҳо” аз роҳи калон, яъне кӯчаи Зебуннисо ҷудо шуданд, пас “лаззати гаҳвораҷунбонӣ”-ро хоҳед чашид. Фарқи ин “гаҳвораҷунбонӣ” аз гаҳвораи кӯдакиатон дар он аст, ки инҷо ҳама марду зан дар як “гаҳвораанд”-у баъзан рӯиҳам меафтанд, аммо аллагӯй надоранд. Роҳи тақрибан 1-километраи то охири хатсайр мебурда чунон ноободу валангор аст, ки дар он фили маҳмудӣ ҳам шояд қадам зада натавонад.

Сабаби чунин ҳол доштани роҳи мазкур аз як тараф обҳои бесоҳиб бошад, сабаби дигараш роҳбарони корхонаю ташкилотҳоест, ки дар ин кӯча ҳастанд ва барои ободии он як дирамро дареғ медоранд. Вагарна, чанд корхонаву ташкилот сари як миз нишаста, барои ҳамвору қиррез кардани ин роҳ кӯшиш кунанд, олам гулистон мешавад.

Масъулин ба ин пешниҳод чӣ назар доранд?

Абдумассир АҲМАДЗОДА,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *