Чор миллион ҷарима барои “дуздӣ”-и барқ дар як моҳ
Танҳо дар моҳи майи соли равон мақомот даҳҳо корхона ва сокинони кишварро барои “дӯздӣ” ва ё истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар умум, 4 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд.
Дар ин бора Агентии назорат дар соҳаи энергетика хабар дода, гуфтааст, ки ин маблағ дар 272 ҳолати “дуздӣ”-и барқ ошкор шудааст.
Агентӣ бори дигар аз аҳолӣ хостааст, ки қонунгузорӣ ва шартномаҳои марбут ба истифодаи энергияро риоя кунанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Ҳамчунин, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ