Даҳ гуруҳ ташкил шуд, ки Тоҷикистон дар гуруҳи H аст

Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 маълум кард, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гуруҳи «H» бо дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон бозӣ мекунад. Бозиҳои интихобӣ дар гуруҳи «Н» аз 5 то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Дар маҷмуъ, аз рўи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гуруҳ ташкил карда шуд. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни наврасон, ки аз 3 то 20-уми майи соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони даҳ гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ширкат хоҳанд кард.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола:

Гуруҳи «А»: Ҷопон, Урдун (мизбон), Сурия, Филиппин, Туркманистон.

Гуруҳи «В»: Индонезия (мизбон), Малайзия, Фаластин, Гуам, АМА.

Гуруҳи «C»: Уммон (мизбон), Ироқ, Қатар, Лубнон, Баҳрайн.

Гуруҳи «D»: Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Мянмар, Малдив, Кувайт.

Гуруҳи «Е»: Яман, Бангладеш (мизбон), Сингапур, Бутан.

Гуруҳи «F»: Тайланд, Ветнам (мизбон), Тайбейи Чин, Непал.

Гуруҳи «G»: Австралия (мизбон), Чин, Камбоҷа, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гуруҳи «Н»: Тоҷикистон (мизбон), Афғонистон, Тимори Шарқӣ, Муғулистон.

Гуруҳи «I»: Эрон, Ҳонконг, Қирғизистон (мизбон), Лаос.

Гуруҳи «J»: Кореяи Ҷанубӣ, Бруней, Ўзбекистон (мизбон), Шри-Ланка.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *