Даҳшат! Падари золим кӯдакашро буғӣ карда кушт…

Магар ӯ падар буд? Чӣ сон ӯ тавонсит, ки бо он дастони ифлосаш гулуи тифлаки маъсумро бифишураду он ҷони Худованд додаро аз ин тифлаки нозпарвар бигирад. Худоё ин чӣ рузест, ки писар синаи падар медараду падар гулуи кӯдаки ҳанӯз аз нозҳои зиндагӣ буй набурдаашро буғи карда мекушад. Ин даҳшатманзараҳо доранд рӯз то рӯз дар ҷомеа домоан густурда, доғҳои нангинашонро дар қабои зиндагӣ мегузоранд.Ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз иттиҳоми фарзандкушӣ алайҳи марди 44-сола хабар додааст

Он қадар берааҳму ҷоҳилу вуҳуштинат бояд буд, ки даст ба чунин ваҳшоният бизанӣ. Мақомоти милиса, сокини 44-солаи шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми кӯдаккушӣ боздошт кардаанд. Мард дар он муттаҳам мешавад, ки дар заминаи шубҳа дар падарияш, кӯдакро буғӣ кардааст.

«Муттаҳам дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, нисбати фарзанди 3-солааш шубҳа пайдо мекунад, Ӯ бо фикри ин писар аз ӯ намебошад, кӯдакро латукӯб намуда, дар охир ӯро бо дастонаш бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст», — омадааст дар иттилоия.

ВУД мегӯяд, ҳодиса рӯзи 11-уми майи соли 2020, тахминан соати 12:50 рух дода, муттаҳам санаи 12-уми майи соли 2020, ҷасади хурдсолро ба заминҳои бекорхобидаи деҳаи Учбоғи ноҳияи Б.Ғафуров бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Мақомоти милиса бо гузашти беш аз як сол аз содиршавии ҷиноят аз боздошти муттаҳам хабар доданд. Таъкид шудааст, ки ӯ қаблан бо моддаи 244 барои дуздӣ ва моддаи 307 иловаи 3 барои фаъолияти тундгароии Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

ВУД мегӯяд, феълан алайҳи мард бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.