Даҳшат! Яке падар кушту дигаре ҳамсар (аудио)

Мақомоти милитсияи тоҷик аз куштори бераҳмонаи зани 32 –сола дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда санаи 24-уми июни соли 2022, тахминан соати 21:40-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 32-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2-маротиба ба қафаси сина ва қитфи чапаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Ба мард дарр асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳафтаи гузашта низ ВКД дар бораи боздошти як сокини қаблан судшудаи ноҳияи Панҷ хабар дод, ки рӯзи 7 июни соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ падари 78-солаашро зада куштааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.