Дабири нави СААД. Имонгалӣ Тасмагамбетов кист? (аудио)

То анҷоми фаъолияти Станислав Зас, дабири Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзҳои башумор мондаанд.

Станислав Зас зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти сол зикр намуд, ки то анҷоми кораш дар мақоми дабири кулли СААД рӯзҳои башумор мондаанд ва барои ҳамаи ҳамкоронаш изҳори сипос кард. Вай ба дабири ояндаи СААД Имонгалӣ Тасмагамбетов муваффақият хост, ки аз аввали январи соли 2023 ба кор дар ин мақом оғоз мекунад.

«Имангалӣ Тасмагамбетов — инсонест, ки дорои таҷрибаи бойи ҳаёту кори идорӣ мебошад», — изҳор дошт ӯ.

Дар мавриди фаъолияти ояндаи худ Зас илова намуд, ки сари ин масъала бо президенти Белорус, Александр Лукашенко низ суҳбате доштааст. Пеш аз оғози коре баъди бозгашт ба Ватан мехоҳад каме истироҳат кунад.

Аз оғози соли 2023 барои се соли оянда ваколатҳои дабири кулли СААД ба намояндаи Қазоқистон Имонгалӣ Тасмагамбетов мегузаранд. Имонгалӣ Тасмагамбетов 66 сол дошта, зодаи Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Ӯ дорои унвони доктори илмҳои сиёсӣ аст. Фаъолияти сиёсиро дар Дастгоҳи Президенти Қазоқистон оғоз намудааст. Аз ҷумла, ёвари Президент, муовини Сарвазир, Сарвазир, роҳбари Дастгоҳи Президент ва давоми ду соли охири то ба нафақа баромадан Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Федератсияи Русия будааст.

Ёдовар мешавем, ки СААД бо ҳадафи таъмини амнияти дастаҷамъӣ таъсис ёфта, ҳоло Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияро фаро мегирад. Сарони кишварҳои узви ин созмон мунтазам мулоқотҳои онлайнию ҳузурӣ баргузорӣ карда, масоили мубрами қаламрави созмон ва вокунишҳои муштарак ба онҳоро баррасӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *