Дар ҳасрати фаҳми дуруст

Узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, пажуҳишгар ва журналисти шинохтаи самарқандӣ Амина Шарофиддинова ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуд. Шаҳодатномаи узвиятро ба ӯ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода супорид. 

— Мо шод аз онем, ки дар чор соли охир муносибатҳои дӯстона, бахусус робитаҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав расид. Аз ҷумла, журналистони ҷавону солор борҳо аз кишварҳои ҳамдигар дидан ба амал оварда, барои ошноии бештари ҷомеа аз муҳити эҷодиву фарҳангии миллатҳо хидмат карданд. ИЖТ танҳо ҳамин сол се журналисти самарқандиро ба узвият пазируфт, ки Амина Шарофиддинова дар ин шуморанд. Мо бо осори чопӣ, мақолаҳо ва китобҳои бону ошно шудем ва бовар дорем, ки оянда бо қалами созанда дар таҳкими дӯстиву рафоқати халқҳо боз ҳам мусоидат мекунанд, — гуфт Зиннатулло Исмоилзода.

Ба гуфтаи раиси ИЖТ, моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ сафари мутақобилан судманди рӯзноманигорони ҳар ду кишвар дар назар аст.

Амина Шарофиддинова забоншинос, публитсист, рӯзноманигор ва узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Ӯзбекистон аст. Ӯро ба сифати яке аз лидерони фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон мешиносанд.

Номбурда 10-уми сентябри соли 1963 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Солҳои 1980-1984 сабақомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишкададаи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд буд. Аз соли 1984 то соли 1988 дар мактабҳои шаҳри Самарқанд ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият кард. Солҳои 1988-1998 мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Самарқанд буд. Аз соли 1998 то имрӯз дар Донишкадаи бозомӯзии муаллимони вилояти Самарқанд ифои вазифа мекунад.

Амина Шарофиддинова дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ-семантикӣ ва услубии воҳидҳои фразеологии романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадӣ навиштааст. Ин таҳқиқоташ ба шакли китоб низ нашр шудааст.

Мақолаҳои сершумораш дар матбуоти Ӯзбекистону Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ки бештарашон ба мавзуи ҳуқуқи тоҷикони Ӯзбекистон, вазъи мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар, мавқеи забони тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ бахшида шудаанд.

Муаллифи китоби дарсии «Забони модарӣ» (барои хонандагони синфи 7) мебошад. Китоби дигари ӯ «Нишони некномӣ» (2016) ба хотираи адабиётшинос Ҳамроқул Шодиқулов бахшида шудааст. Ӯ инчунин тартибдиҳандаи даҳҳо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Китоби нави ӯ «Китобшиносии тоҷик дар солҳои истиқлолияти Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд дар арафаи чоп аст.

Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо китоби нави ӯ таҳти унвони “Дар ҳасрати фаҳми дуруст” дар шаҳри Душанбе ба нашр расид, ки шомили мақолаҳои илмиву публитсистии Амина Шарофиддинова аст.

Аз идора: Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Амина Шарофиддиноваро ба муносибати пазируфта шудан ба узвияти ИЖТ, ҳамчунин, ба зодрӯзашон табрик мегӯянд. Мо ба муаллимаи азиз саломатӣ ва саодати рӯзгорро орзу дорем. Мусоҳибаи ихтисосии “Тоҷикистон”-ро бо Амина Шарофиддинова дар шумораҳои наздик мутолиа хоҳед кард. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *