Дар Ҳулбук қади Восеъ ба 11 метр расид

Дар маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро ба баҳрабардорӣ расонид ва аз рӯйи лавҳаи рамзии муҷассама парда бардошт.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳайкал бо истифода аз металли ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.

«Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст», — омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *