Дар Қасри миллат олимон, ҳунармандон ва соҳибкорон қадрдонӣ шуданд
Имрӯз, 25 август дар Қасри миллат бо иштироки Президенти мамлкат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорида шуд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон ва кишоварзонро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, махсус таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки роҳбарияти давлат ҳар як иқдому ташаббуси созанда ва заҳмати содиқонаи шаҳрвандонро қадр мекунад ва барои дастоварду хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар пешрафту ободии кишварамон, саҳми соҳибкорону сармоягузорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша низ басо арзишманд мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба соҳибкороне, ки соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд ва ба ҳамаи шахсони саховатпешаи кишвар изҳори сипос намуда, ба онҳо барору муваффақият хостанд.






Ҳамин тавр, имрӯз 4 ҳунарманд, аз ҷумла Турахон Аҳмадхонов ва Ғуломзода Исфандиёр бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва рӯзноманигори шинохта Латофат Кенҷаева бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Дар маросими мукофотсупорӣ 23 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 5 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 3 нафар бо ордени Дӯстӣ, 1 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 11 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 107 кас бо медали Хизмати шоиста ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025 сарфароз гардид.
Дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2025 15 кас соҳиби ин ҷоиза шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ