Дар Афғонистон боз як журналист кушта шуд

Дар вилояти Пактиё, дар шарқи Афғонистон Нодиршоҳ Соҳибзода, хабарнигори радиои маҳаллӣ кушта шуд.

Дар вилояти Пактиё, дар шарқи Афғонистон Нодиршоҳ Соҳибзода, хабарнигори радиои маҳаллӣ кушта шуд.

Муҳаммад Ҳусманд, корманди пулиси вилояти Пактиё ба хабарнигорон гуфтааст, ҳанӯз рӯшан нест, ки қатли журналист ба фаъолияти касбиаш рабт дорад ё на.

Ҳамчунин, то ҳол ҳеч гурӯҳе дар Афғонистон масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.

Вале маъмулан дар Афғонистон Ҷунбиши Толибон ва гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” зуд-зуд хабарнигоронро мавриди ҳамла қарор медиҳанд.

Бино ба гузориши созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, Афғонистон барои хабарнигорон кишвари хатарнок маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилои ин созмонҳо, дар соли гузашта дар саросари ҷаҳон 13 хабарнигор ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *