Бунёди нерӯгоҳи офтобӣ дар Бадахшон

Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт оғоз ёфт.

Нерӯгоҳи мазкур дар баландии 660 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Бунёди он бо ҳадафи рушди манбаъҳои тозаи энергетикӣ дар минтақа амалӣ мегардад.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, то имрӯз 40 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирад.

Масъулони соҳа мегӯянд, татбиқи ин лоиҳа имкон медиҳад,  ки таъмини барқ дар минтақаи кӯҳӣ беҳтар ва саҳми Тоҷикистон дар рушди энергетикаи сабз бештар шавад.

Бунёди чунин иншоотҳо ҳамчун як қадами ҷиддӣ дар самти истифодаи захираҳои барқароршавандаи энергия арзёбӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *