Дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ду рӯз ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад
Аз 29 то 31 май ҳаракати мошинҳо дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дода, менависад, ки ин маҳдудиятҳо ба баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо рабт доранд.
Ҳамин тариқ, гуфта мешавад, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, ва хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳо муваққатан маҳдуд мешавад.
Аммо манбаъ соатҳои роҳбандиҳоро дақиқ эълон накардааст.
Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз таваққуфи нодуруст дар кӯчаҳои мазкур худдорӣ намуда, аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ