Дар Бохтар арчаи солинавӣ насб карданд

Дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар арчаи солинавӣ насб карда шуд. Баландии он 17 метр буда, ҳашт метр паҳноб доштааст.

Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки имсол бо фарқият аз солҳои қаблӣ дар гирду атрофи арчаи солинавӣ барои истироҳату фароғати кӯдакон хоначаҳои афсонавӣ бунёд мекунанд. Барои амалӣ кардани ин нақша аз буҷети маҳаллӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо хоҳад шуд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ороиш ва рӯшноии арча аз муосиртарин чароғаку таҷҳизот истифода хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *