Дар Чин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мегардад
Аз 25 то 29 апрели соли равон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мешавад.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои расмӣ, барномаи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик ва ҷавонони болаёқат дар Пекин ва Сиан намоиш дода мешавад.
Ба ин муносибат чорабиниҳо, консертҳо, намоишгоҳҳои санъати амалии халқӣ, намоиши филмҳо ва вохӯриҳои эҷодӣ, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар равона шудаанд, баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ