Дар Дарвоз чоргоник таваллуд шуд  

 

Имрӯзҳо хонаи сокини деҳаи Сангеви Ҷамоати деҳоти Қалъаи хуми ноҳияи Дарвоз Маҳдиҷони Шукрихудо пур аз меҳмон аст. Дар ин хонавода чаҳоргоникҳо- ду писар ва ду духтар ба дунё омаданд.

Модари ин чор фарзанд Меҳрангези Саломатшо мегӯяд, ки «ба ҷуз хешу табор одамони зиёди ношинос ба хона омада, маро табрик мекунанд. Ман чаҳор сол пеш шавҳар кардам. Дар давоми чор сол фарзанд наёфтам. Баъди табобат дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе соҳиби ин чоргоникҳо гаштам. Номашонро Абубакру Умар ва Фотимаву Зӯҳро гузоштам. Ба гуфтаи табибони беморхонаи ноҳия, ин бори аввал аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чоргоникҳо ба дунё омаданд. Ман хеле хушҳолам, ки чунин бахти баланд насиби ман гардид».

Модари Меҳрангез дар беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Нулванд  момодоя аст ва ҳоло дар нигоҳубини кӯдакон ба духтараш кумак мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *