Дар ДДТТ 799 донишҷӯ бо квотаи президентӣ таҳсил доранд
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино айни ҳол 799 донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ таҳсил доранд, ки 400 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Нуриддин Муҳиддин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ зикр кард, ки ҳамаи донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилдошта бо хобгоҳ таъмин мебошанд.
Ба гуфтаи ректор, шумораи умумии донишҷӯён дар муқоиса ба соли таҳсили гузашта 7,5% афзоиш ёфтааст. Аз 12 ҳазору 734 нафар ба 13 ҳазору 772 нафар расидааст. Аз ин шумора, 6721 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд.
“Мо дар донишгоҳ тамоми шароитро барои таҳсил ва рушди донишҷӯён муҳайё сохтаем. Ҳадаф омода намудани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ аст”, – таъкид кард ректор.
Ҳамчунин, дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 1845 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 307 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 12 кишвари ҷаҳон хатм карданд.
Нуриддин Муҳиддин таъкид намуд, ки донишгоҳ дар баробари иҷрои нақшаи таълими кадрҳои миллӣ, барои кишварҳои хориҷӣ низ мутахассис омода мекунад. Ин аз рақобатпазирии таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ