Дар ДМТ Рӯзи Шашмақом бо ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҷлил гардид

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола 12-уми май таҷлил мешавад, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи санъати миллӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Маҷидзода Давлатбахт Маҷид, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз ёфт. Ӯ Шашмақомро яке аз нишонаҳои барҷастаи фарҳанги миллии тоҷикон унвон кард ва нақши Пешвои миллатро дар эҳёи ин мероси қадима муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҳамоиш намояндагони соҳаи фарҳанг ва илм иштирок ва суханронӣ карданд. Аз ҷумла, Хуршед Иброҳимзода, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва овозхони Ансамбли давлатии “Шашмақом” изҳор дошт, ки соли 2000 ин ансамбл мақоми давлатӣ гирифт ва имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин навъи мусиқии суннатӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Ҷонибек Асрориён, дотсенти факултети таърихи ДМТ таъкид намуд, ки Шашмақом реша дар давраи Зардуштия дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги бостонии тоҷикон мебошад.

Сангин Гулов, дотсенти факултети журналистика Шашмақомро омили ваҳдатсоз ва таҷассумгари ҳувияти миллӣ унвон кард.

Зикр гардид, ки бо ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, имрӯзҳо Шашмақом на танҳо эҳё, балки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Шашмақом соли 2003 ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардида, яке аз намунаҳои олии мусиқии суннатии халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Дар ҷараёни ҳамоиш суруд ва порчаҳои шеърӣ бахшида ба Шашмақом низ пешкаши ҳозирин гардиданд. Ҳамоиш бо рӯҳияи баланди миллӣ ва ифтихор аз мероси фарҳангии ниёгон ҷамъбаст шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *